Қадами мубораки А. Ҷомӣ ба Душанбе низ расида

Август 29, 2014 11:17

Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Боиси ифтихори мост, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт. Дар ин замина Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони сершумори аҳли зиёи кишвар 20 марти соли ҷорӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз соли нави аҷдодии 2014-ро “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ” эълон кард. Сарвари давлат дар ин мулоқот пешниҳод намуд, ки яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва як муассисаи илмию маърифатӣ ба номи ин муттафаккири барҷаста гузошта шавад. 
Бешак, ин ҳама далели доштани истеъдоди фитрӣ, сухани воло, аз худ мерос гузоштани осори гаронбаҳо ва шуҳрати ҷаҳонии Абдураҳмони Ҷомӣ аст. 
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддуни тоҷику форс буда, шуҳрати ӯ ҳанӯз дар замони зиндагиаш берун аз хоки Хуросону Мовароуннаҳр ба сарзаминҳои Форс, Осиёи Сағир, Ироқ ва Ҳиндустон расида буд. Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо дар байни аҳли илму адаб ва шогирдону ихлосмандони осораш, балки дар назди ҳокимону волиён ва давлатдорони давру замонаш низ шуҳрат ва эътибору обрӯи зиёд дошт. Вале, бо доштани ин ҳама мақому манзалати баланди маҳорати фавқулода ва табъи баланди фитрию эҷодӣ Ҷомӣ нисбат ба тамоми тоифаи мардум ҳамон қадар фурӯтану хоксор ва хушмуомила будааст. Дар як ёддошти Алишери Навоӣ омадааст: «… он ҳазрат дар миёни асҳоб чунон рафтор мекарданд, ки касоне, ки аз дур овозаи камолоти эшонро шунида ва ба зиёрати эшон меомаданд, аз бетааннӣ дар миёни асҳоб ва мулозимин то муаррифӣ аз илқои масъалае намешуд, намешинохтанд». 
Шоиру нависандагони маъруф ва алоқамандони шеъру шоирӣ аз саросари Мовароуннаҳру Туркистон, Ироқу Озарбойҷон ва Эрону Туркия таълифоташонро ба Абдураҳмони Ҷомӣ барои доварӣ мефиристоданд ва аз санҷиши ӯ мегузарониданд, ба суҳбаташ мешитофтанд ва аз ӯ сабақ мегирифтанд.
Бузургии шахсияти Мавлоно Ҷомӣ ва истеъдоди камназири ӯ, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, дар асарҳои адабии ӯ зуҳур намудааст.
“Баҳористон”, “Ҳафт авранг” ва девони шоир аз ҷумлаи шоҳкориҳои адабиёти классикии тоҷикии форсӣ мебошанд ва то имрӯз тавассути тарҷума ба забонҳои арабиву туркӣ, олмониву фаронсавӣ, англисиву чехӣ, русиву арманӣ ва ғайра дар миёни мардумони кишварҳои дигар низ машҳур шудаанд.
Ҳамин осори гаронмоя ва ҳамин шуҳрати адабии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ буд, ки соли 1964 -ум 550-солагӣ ва соли 1989-ум 575 — солагии ӯ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Тавре ки аз маъхазҳо бармеояд, Абдураҳмони Ҷомӣ дар давоми ҳаёти худ 7 маротиба сафар кардааст. Адабиётшиноси маъруф Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар мақолае бахшида ба 600-солагии Ҷомӣ («Ҷумҳурият») менависад, ки: «Агар баъзе мусофиратҳои кӯтоҳмуддати устоди Ҷом (ҳафт дафъа ба сафарҳои дуру наздик баромадааст)-ро ба Тошканд, Фароб, Марв, Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домғон, Қазвин, Ҳамадон, Макка, Мадина ва Шом истисно намоем, ӯ то охири умр дар Ҳирот мемонад. Гумон он аст, ки сафари ба Тошканд кардаи мавсуф аз роҳи водии Ҳисор будаасту хоки пойи муборакаш ба Душанбе, ба гуфти устод Мирзо Турсунзода «деҳаи он замон назарногир» низ расида». Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки Ҷомӣ ба қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон низ ташриф оварда, эҳтимол аст бо адибону олимони он замони ин минтақаи тамаддунофару фарҳангпарвар дидору мулоқотҳо карда бошад. Албатта, ин мавзуъ татқиқоти алоҳидаро тақозо мекунад ва шояд муҳаққиқони ҳаёт ва осори Ҷомӣ онро таҳқиқ кунанду ба дастовардҳо низ ноил гарданд. 
Мавриди зикр аст, ки Ҷомӣ аксар вақти хешро сарфи машғули таълифу таснифи осори адабию илмӣ карда, шогирдони зиёдеро зери ҳимояи маънавию маишии худ низ тарбия ва ба камол расондааст. 
Бояд гуфт, ки эҷодиёти Ҷомӣ гуногунжанр буда, аз осори бадеии ӯ то ба мо девонҳои сегона («Фотиҳату-ш-шубоб», «Воситату-л-иқд» ва «Хотимату-л-ҳаёт»), маснавиҳои «Ҳафт авранг» («Силсилату-з-заҳаб», «Саломон ва Абсол», «Туҳфату-л-аҳрор», «Сабҳиту-л-аброр», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Хирадномаи Искандарӣ»), «Баҳористон» «Чиҳил ҳадис», «Рисолаи муншаот, рисолаҳои илмии ӯ — «Рисолаи арӯз», «Рисолаи қофия», «Фавоиди Зиёия», «Рисолати мусиқӣ», «Шарҳи рубоиёт», «Нафаҳоту-л-унс», «Рисолат шароити зикр» ва ғайраҳо омада расидаанд. Албатта, аксари осори Ҷомӣ аз ҷониби муҳаққиқон, адабиётшиносон ва шарқшиносон омӯзиш ва таҳқиқ шуда, мақому манзалати баланди эҷодӣ ва фитриро соҳиб шудаанд. Ин аст, ки аксари онҳо бо чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума шудааст. 
Тазаккур додан ба маврид аст, ки бузургдошти адибону олимон, мутафаккирону арбобҳои барҷастаи ватаниву миллӣ ба боз ҳам боло бурдани ҳисси милливу ватандӯстии насли нав, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор аз арзишҳои миллӣ, албатта, нуфузу мақоми  Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
 

Август 29, 2014 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд