Қонун мавриди амал қарор дода мешавад
Душанбе, 6.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дирӯз, 5 август дар нашрияи расмии “Ҷумҳурият” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ” ба нашр расид ва он мавриди амал қарор дода мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки аллакай маҷмӯи чорабиниҳои зарурӣ барои татбиқ кардани қонуни номбурда андешида шуда истодаанд. Барои амалӣ намудани чорабиниҳои боло таҳияи санадҳои меъёрӣ барои танзим намудани кори ташкилотҳои қарзие, ки мехоҳанд дар асоси рукнҳои бонкдории исломӣ фаъолият намоянд, лозим аст. Дар ин ҷода байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои таҳияи санадҳои меъёрии зарурӣ оид ба татбиқи фаъолияти бонкии исломӣ ва ҷудо намудани як кӯмаки техникӣ (грант) машварату гуфтушунидҳо идома доранд. Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки исломии рушд имконият медиҳанд, ки гуруҳи мутахассисони яке аз ширкатҳои машваратии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёрии заруриро барои дар амал ҷорӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ таҳия намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Хадамоти матбуоти БМТ Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






