Қуллаи И. Сомонӣ дар қатори 14 мавзеи ғайриоддии собиқ ИШ
Душанбе, 13.08.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). — Яке аз нашрияҳои бонуфуз ва маъруф «Forbes» қуллаи Исмоили Сомониро ба 14 мавзеи ғайриоддитарини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ворид намуд. «Дар ҳудуди кишвар баландтарин кӯҳи тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — Қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир шудааст, ки пештар бо номи Қуллаи Коммунизм маъруф буд. Баландии он 7495 метрро ташкил медиҳад. Аз 5 кӯҳи ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ки баландиашон ҳафтҳазор метр аст, сетоаш дар ҳудуди Тоҷикистон мебошанд. Ба он кӯҳнавардоне, ки тавонистанд ин панҷгонаро ғасб намоянд, унвони расмии «Ғасбкунандагони баландкӯҳҳои Иттиҳоди Шӯравӣ» дода шуд»- гуфта мешавад дар нашрияи «Forbes».Ёдовар мешавем, ки соли 1998 Қуллаи Коммунизм ба ифтихори асосгузори аввалин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ иваз карда шуд. «Forbes» маҷаллаи молиявию иқтисодии амрикоӣ мебошад. Яке аз ҳама бонуфузтарин ва маъруфтарин нашриёти чопии иқтисодӣ ба шумор меравад, ки соли 1917 аз ҷониби Берти Чарлз Форбс таъсис ёфтааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






