«Қулма» бо панелҳои офтобӣ таҷҳизонида шуд
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо мақсади муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои пешбурди назорати гумрукию сарҳадӣ дар доираи барномаи замонависозии гумрук ва рушди инфрасохтори гумрукӣ, дидбонгоҳи «Қулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Бадахшон бо таҷҳизоти имконпазири таъминкунандаи барқ, аз ҷумла бо панелҳои офтобӣ ва генераторҳои бодӣ таҷҳизонида шуд. Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, насб кардани ин таҷҳизот имкон медиҳад, ки дидбонгоҳи мазкур бо барқи доимӣ таъмин шуда, гумрукчиён фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.Инчунин таҷҳизоти мазкур барои декларатсиякунии электронӣ аҳамияти муҳим дошта, ҳам кори соҳибкорон ва ҳам кори нозирони назораткунандаро осон менамояд ва вақтро сарфа мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






