Қўрғонтеппа: сохтмони бинои 15-қабата оғоз гардид
Қўрғонтеппа, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар шаҳри Қўрғонтеппа сохтмони баландтарин хонаи истиқоматӣ оғоз гардид. Бинои истиқоматӣ аз 15 ошёна иборат буда, дорои 125 ҳучра мебошад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати сохтмонии ҶДММ «Қамар Табар» шурӯъ гардидааст. Таҳкурсии бино мустаҳкам гардида, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум ба анҷом расидаанд.
Маблағи умумии масрафи корҳои сохтмонӣ мувофиқи иттилои масъулин 37 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки як қисмати маблағ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сурат мегирад.
Бояд зикр кард, ки сохтмон дар муддати 2 сол ба таври муосир ва бо сифати баланд ба анҷом мерасад. Бинои мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа таҳти назорат қарор дошта, он бояд ба тарзи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ бунёд шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






