Қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2014
Душанбе, 19.08.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Далват).- Пагоҳ, 20-уми август дар Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2014 баргузор мешавад.
Дар қуръакашии мазкур 10 бошгоҳи лигаи олӣ ва 5 дастаи лигаи аввал иштирок хаҳанд кард.
Тавре ки дар ин ӣора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин марҳила ҳамаи дастаҳои лигаи олӣ — «Истиқлол»-и (Душанбе), «Хайр»-и (Ваҳдат), «Парвоз»-и (Бобоҷон Ғафуров), «Хуҷанд»-и (Хуҷанд), «Энергетик»-и (Душанбе), «Вахш»-и (Қӯрғонтеппа), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа»-и (Истаравшан), «Равшан»-и (Кӯлоб) ва ССКА «Помир»-и (Душанбе), инчунин, панҷ дастаи лигаи аввал — «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳосилот» (Фархор), «Эсхата» (Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ашт) ва «Исфара»-и (Исфара», ки аз даври интихобӣ гузаштаанд, ширкат меварзанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






