Ҳамкорӣ-дар бахши боздошти сил дар Тоҷикистон

Август 4, 2014 10:13

Душанбе, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе Конфронси таъсисии Коалитсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон», ки беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онҳо ва ташкилотҳои зидди сил амалкунандаро муттаҳид мекунад, баргузор гардид.Дар асоси омори Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Тоҷикистон аз назари гаронии бемории сил ба яке аз мамлакатҳои назоратшавандаи ин беморӣ дар минтақаи Аврупоии ТУТ дохил мешавад. Мутобиқи омори расмии давлатӣ дар чор соли охир сатҳи паҳншавии бемории сил паст шуда истодааст. Вале ин сатҳ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола кифоя нест.Ҷиддияти вазъият ва тамоюли рушди бемории сил, махсусан бемории сили шакли мутобиқгашта ва бемории сили шакли мутобиқгаштаи васеъ дар ҶТ ҳамбастагии кушишҳоро бо мақсади қонеъ гардонидани талаботҳои беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онҳо ва ноил шудан ба дигар вазифаҳои дурнамо ва барномаҳои зидди бемории силро талаб менамояд.Дар кори конфронс беш аз 50 нафар гирифторони бемории сил, шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онҳо ва ташкилотҳои ҳавасманди зидди сил амалкунанда ширкат намуда, аз таҷрибаи худ дар самти табобати ин беморӣ сухан ронданд.Конфронс бо ҳамкории Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил ва Ташкилоти байналхалқии «Лоиҳаи ХОУП» дар доираи лоиҳаи ЮСАИД «Тандурустии босифат» доир гардид.

Август 4, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад