Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 25.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фардо дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон барпо мегардад.
Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишварро дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли маводи ғизоӣ, сохтмон, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ матраҳ менамоянд.
Баргузории ҳамоиши дораҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ин ду кишвар нақши муассир гузошта, он ба ҷалби сармоягузорони эронӣ ва доираҳои тиҷоратии ин кишвар ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






