Ҳашари роҳсозӣ дар Нуробод
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо ширкати ҷамоатҳои деҳот тасмим гирифтааст, ки барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар маркази шаш ҷамоати деҳоти ноҳия як километрӣ роҳро мумфарш намояд.
Бо ин мақсад аз буҷети маҳаллӣ 47 ҳазор сомонӣ ва Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 60 тонна мум ҷудо намуда, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия иҷрои ин корро ба зимма гирифт. Дар пайравӣ аз ин иқдом соҳибкорони ноҳия низ дар ин кор саҳм гузоштанд. Дар натиҷа роҳи маркази ҷамоати деҳоти Комсомолобод дар масофаи 1,2 км мумфарш гардида, мумфаршсозии роҳи яккилометраи маркази ҷамоати деҳоти Муҷихарф идома дорад.
Дар ҷамоати деҳоти Комсомолобод мардум барои обод нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди маҳаллаҳои худ ба ҳашар баромада, роҳҳоро ҳамвор ва сангфарш месозанд. Бо ташаббуси аҳолӣ роҳи 12 — километраи байни деҳаи Тегирмӣ ва маркази ҷамоати деҳоти Комсомолобод ҳамвор ва ҷо — ҷо сангфарш шуд. Роҳи байни деҳаҳои Комсомолобод ва Дегаӣ, ки 7 километрро ташкил медиҳад, аз таъмир баромад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






