Ҳимояи моликияти зеҳнии аҳли ИДМ дар Душанбе
Душанбе, 18.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- “Низоми моликияти зеҳнӣ ва роҳҳои рушди он” таҳти чунин ном рӯзи 20-уми августи соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи 3-юми Шӯрои байни давлатӣ оид ба ҳифз ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ баргузор мешавад.
Тавре ки дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон,Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия иштирок хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки дар назар аст дар семинар намояндагони ташкилотҳои байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), Идораи патентии АвруОсиёгӣ (ИПАО) ва Кумитаи иҷроияи Итиҳоди давлатҳои мустақил низ ширкат варзанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






