Ҷамъомади омӯзиши оид ба ҷашни 20-солагии Кониститутсия
Душанбе, 05.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаааст, ҷамъомади омӯзишӣ баргузор гардид. Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷамъомад роҳбарону кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи Кумита иштирок намуданд. Ҷамъомадро муовини якуми раиси Кумита Лочин Файзуллоев кушода, оид ба санаи муҳими таърихию сиёсӣ — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуд. Ҳамчунин дар нишаст дигар иштирокчиён оид ба мавзуй конститутсия баромад карда, ин санади асосиро , ки муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти ҳар давлату кишвар ва ҷомеаи мутамаддину мамолики мутараққӣ ба ҳисоб меравад ба баррасӣ кашида, зикр гардидааст, ки дигар ҳама санадҳо дар асос ва доираи раводиди он таҳияву қабул карда мешаванд. Зеро санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба Конститутсия муфовиқ нест ё ба он хилофат мекунад қувва ва ё эътибори ҳуқуқӣ надорад. Дар охир муовини раиси Кумита Анвар Наҷмиддинов ҷамъомадро ҳусни хотима бахшида, иброз дошт, ки ин санад барои мардуми мо санади тақдирсоз аст. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад. Ва умед аст, ки он бардавому поянда барои Тоҷикистону тоҷикистониён хидмат мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






