Ҷамъоварии маблағ тавассути «Финклиент»
Душанбе,02.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҷиҳати ба роҳ мондани ҷамъоварии маблағи энергияи барқ ШСХК «Барқи Тоҷик» корро тариқи ворид намудани технологияи нав ва насби ҳисобкунакҳои замонавӣ ба роҳ мондааст. Дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи молиявии ҶДММ «Авфар» шуъбаҳои «Фуруши барқ»-и шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Қурғонтеппа, Турсунзода, минтақаҳои Суғд, Марказӣ, Истаравшан бо барномаи «Финклиент» барномасозӣ намуда, ҷамъоварии маблағи қувваи барқро тавассути ин барнома амалӣ карда истодаанд.Бартарии истифода аз барномаи мазкур дар он аст, ки бо пайвасти системаи қабули ҳисоби истифодаи энергияи барқ ва пардохти дастгоҳҳои «РАХ» назоратчӣ бо як амалиёт ҳисоби истифодаи энергияи барқро бароварда, ҳамзамон маблағи энергияи барқи истифоданамудаи муштариро қабул намуда, варақаи пардохтро ба муштарӣ месупорад. Ҳамчунин, шабакаҳои бисёршохаи терминалҳои «Экспресс Пей» хизматрасонии шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд, ки барои мизоҷон супоридани маблағҳояшон хеле осон гардидааст, яъне муштарӣ метавонад баъди соати корӣ низ ҳаққи истифодаи энергияи барқро пардохт намояд. Системаи «Экспресс Пей» имконият медиҳад, ки соати кории назоратчиён дар реҷаи «On-Line» мушоҳида карда шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






