Ҷамшеди соҳибкор мактаб месозад

Август 30, 2014 11:25

Душанбе, 30.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Чанде пеш дар деҳаи Кенҷаободи ноҳияи Файзобод бо иштироки раиси ноҳияи мазкур Каримиён Имомназар хишти аввали мактаби ибтидоӣ гузошта шуд.Бояд зикр намуд, ки мактаббачаҳои ин деҳа солҳои тӯлонӣ масофаи зиёдро тай намуда, барои дарсхонӣ ба деҳаи ҳамсоя мерафтанд.Сохтмони ин мактабро бо маблағи як миллион сомонӣ соҳибкори саховатпеша Ҷамшед Ғафуров, ки муқими Русия мебошад, бар ухда гирифт.Субҳиддин Ғафуров, бародари Ҷамшед, ки назорати корҳои сохтмониро бар дӯш дорад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар», гуфт, ки мекӯшанд, то ҳарчӣ зудтар мактабро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Август 30, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад