Ҷараёни Чемпионати ҷаҳон- таэквандо ITF
Душанбе,08.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон ва собиқадорон идома дорад.Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии таэквондо ITF, ки маротибаи аввал дар Тоҷикистон баргузор шудааст, беш аз 600 варзишгар аз 52 кишвар ширкат меварзанд. Мусобиқаи мазкур дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, то рӯзи 10-уми август идома хоҳад кард. Дар доираи ин мусобиқот наврасон барои 14 маҷмӯи медалҳо ва собиқадорон барои 10 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Рақобатҳо дар ду гурӯҳ — байни наврасони 14-15-сола ва 16-17-сола — сурат мегирад. Дар мусобиқаи собиқадорон варзишгарони синнашон 40-сола ва аз он боло ширкат варзида, дар се гурӯҳ рақобат мекунанд.Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро 43 варзишгар, аз он ҷумла 20 духтар, намояндагӣ мекунанд. Дар мусобиқаи собиқадорон чаҳор варзишгари тоҷик қувваозмоӣ хоҳанд кард.Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи олӣ баргузор гардидани мусобиқаи мазкур Ҳукумати Тоҷикистон 600 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Инчунин Федератсияи миллии таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинги Тоҷикистон якҷо бо шариконаш барои ин мусобиқот 400 ҳазор сомонӣ масраф кардаанд. Хотиррасон мекунем, ки ин намуди варзиш солҳои 50-уми асри 21 дар асоси мактабҳои қадимаи кореягӣ — устоди варзиш Чой Хонг Хи (1918-2002) ба вуҷуд омадааст.Таэквандо бо забони кореягӣ маънои «ҳаракати дасту пой»-ро ифода мекунад. Таэквандо яке аз санъатҳои муҳорибаи кореягӣ мебошад, ки хусусияти хосаш зарбаҳо бо пой , ҳамчунин зарбаҳо ҳангоми ҷаҳиш бо пойҳо ва дастҳо мебошад.Махсусан зарбаҳо дар ҷаҳишҳо корти ташрифотии таэквандо ба ҳисоб меравад. Ҳоло намояндагони зиёди кишварҳои дунё аз ин намуди варзиш васеъ истифода мебаранд.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






