Ҷарроҳони Олмон ба Тоҷикистон меоянд
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Елена Батенкова). – «Мо барои рушду тақвият бахшидани ҳамкориамон тирамоҳи соли ҷорӣ табибони Олмонро ба Тоҷикистон даъват карданием. Ҷарроҳони ин кишвар дар доираи сафарашон чандин амалиёти мураккаби ҷарроҳиро анҷом медиҳанд», — гуфт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи ҷарроҳии пластикии Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дил ва рагҳои хун Абдумалик Давлатов.
Мувофиқи суханони Абдумалик Давлатов, аз ин пеш ҳамаи мутахассисони шуъба барои таҷрибаомӯзӣ ба Федератсияи Русия, Австрия, Олмон ва Амрико сафар карда буданд.
Табибони Олмон дар ҷараёни сафарашон чандин амалиёти ҷарроҳии нодирро анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи Абдумалик Давлатов, алҳол дар шуъбаи ҷарроҳии пластикӣ беш аз 200 намуди ҷарроҳии таъҷилӣ рӯи кор оварда мешавад.
Мудири шуъбаи ҷарроҳии пластикӣ дар мавриди рушди соҳаи ҷарроҳӣ иброз дошт, ки имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон барои бархурдор шудан аз хидмати ҷарроҳони бахши пластикӣ ҳоҷати рафтан ба хориҷаро надоранд.
«Имрӯз дар шуъбаи мо ҳамаи намудҳои амалиёти ҷарроҳии пластикӣ сурат мегиранд», — афзуд Абдумалик Давлатов,








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






