Ҷасади шаҳрванди ҷумҳурӣ муайян гардид

Август 18, 2014 11:15

Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бино ба маълумоти Хадамоти мутбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Раҳмоналӣ Одинаев иттилоъ додааст, ки  кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Новокузнетск дар яке аз сохтмонҳои шаҳр ҷасади номаълуми шаҳрванди ҷумҳуриро, ки бар  асари сактаи дил фавтидааст, пайдо намуданд.  Бояд гуфт, ки фавтида  ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надошт.
Баъди ба  Вазорати корҳои дохилии ҶТ муроҷиат намудан, ному насаби шахси фавтида муайян гардид.
Ӯ  Қурбонов Ҳамзаалӣ Икромович, соли таваллудаш  1959 будааст. Марҳум истиқоматкунандаи деҳаи Қирғизони ҷамоати деҳоти «Баҳор»-и ноҳияи Ваҳдат мебошад. 
Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Раҳмоналӣ Одинаев хабар додаст,  ки дар айни замон ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск ҳамаи корҳои лозимиро нисбат ба марҳум ба анҷом расонидааст.
Рӯзҳои наздик тобути шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тариқи тайёра ба Ватан фиристода мешавад.

Август 18, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд