Ҷашни зодрӯзи булбули кӯҳистон

Август 21, 2014 16:30

     Хоруғ, 21.08.2014. (АМИТ («Ховар», Файз Мирасан).- Ҳунарманди халқии Чумҳурии Тоҷикистон Майсара Дилдорова 70-сола  шуд.   Сурудҳои Майсара Дилдорова ҳамеша ба мисли завқи ҳунарманд   ҷавон мемонанду  ба қавли шоир   «дар рӯҳи пиру  барно  шавқу завқи  ҷавониро  фузун мекунанд».  
      Дар тӯли солҳои фаъолият бештар   аз  200   шеъру   оҳанг бо овози ин ҳунарманд ҷовидонӣ  гардида, дар қалби  мухлисон  ҷо гирифтанд. Ҳамкории овозхон бо бастакорони барҷастаи ҷумҳурӣ,   ба мисли  Фозил  Солеҳов, Қудратулло Яҳёев, Заррина Миршакар, Абдулло Қодиров барояш уфуқҳои баланди эҷодиро кушода, барномаашро бою рангинтар намуданд.  Бо садои булбулсифаташ   вай  дар қатори ҳунармандони варзидаи дигар дар саҳнаҳои  хориҷи кишвар  санъати  Тоҷикистонро муаррифӣ менамуд.    Майсара Дилдорова ҳамчунин офаринандаи бештар аз сӣ нақш амсоли «Гурдофарид» дар саҳнаи театри Хоруғ аст. Нақшҳоро  хеле табиӣ  ва барҷаста бозӣ кардааст. 
 Фарзандон ҳам аз пайи ҳунари волидон рафтанд. Умед Хусравов, хатмкунандаи  омӯзишгоҳи  театрии  шаҳри Маскав ва нахустин коргардони касбии театри  Хоруғ намоишномаҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар  сазовори ҷоиза гардидаанд. 

Август 21, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик