Ҷашни зодрӯзи булбули кӯҳистон
Хоруғ, 21.08.2014. (АМИТ («Ховар», Файз Мирасан).- Ҳунарманди халқии Чумҳурии Тоҷикистон Майсара Дилдорова 70-сола шуд. Сурудҳои Майсара Дилдорова ҳамеша ба мисли завқи ҳунарманд ҷавон мемонанду ба қавли шоир «дар рӯҳи пиру барно шавқу завқи ҷавониро фузун мекунанд».
Дар тӯли солҳои фаъолият бештар аз 200 шеъру оҳанг бо овози ин ҳунарманд ҷовидонӣ гардида, дар қалби мухлисон ҷо гирифтанд. Ҳамкории овозхон бо бастакорони барҷастаи ҷумҳурӣ, ба мисли Фозил Солеҳов, Қудратулло Яҳёев, Заррина Миршакар, Абдулло Қодиров барояш уфуқҳои баланди эҷодиро кушода, барномаашро бою рангинтар намуданд. Бо садои булбулсифаташ вай дар қатори ҳунармандони варзидаи дигар дар саҳнаҳои хориҷи кишвар санъати Тоҷикистонро муаррифӣ менамуд. Майсара Дилдорова ҳамчунин офаринандаи бештар аз сӣ нақш амсоли «Гурдофарид» дар саҳнаи театри Хоруғ аст. Нақшҳоро хеле табиӣ ва барҷаста бозӣ кардааст.
Фарзандон ҳам аз пайи ҳунари волидон рафтанд. Умед Хусравов, хатмкунандаи омӯзишгоҳи театрии шаҳри Маскав ва нахустин коргардони касбии театри Хоруғ намоишномаҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар сазовори ҷоиза гардидаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






