Ҷоизагирандагони ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2014
Душанбе, 7 .08. 2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми августи соли ҷорӣ барои муайян намудани шахсиятҳои маъруфи кишвар дар соли 2014 ба як қатор олимону донишмандони соҳаи адабиёт, санъат меъморӣ ва журналистика Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ супорида шуд.Аз ҷумла Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ба Атахон Сайфуллоев -доктори илмҳои филологӣ, барои рисолаи «Уфуқҳои тозаи наср»; ба Мирзо Файзалӣ — Шоири халқии Тоҷикистон , барои маҷмӯаи ашъори «Гулхори чида-чида»; дар соҳаи меъморӣ ба Муқимов Рустам Самадович — доктори илмҳои меъморӣ , барои «Энциклопедия памятников арийской культуры Центральной Азии. Таджикистан.»(Энсиклопедияи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон.).Ҷоизаи байналмиллалӣ дар соҳаи тарҷума , пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ ба шоири рус Синелников Михаил Исаакович, барои маҷмӯаи «Огненные знаки» («Рамзҳои озарин»), барои тарҷума ва тарғиби назми тоҷик дар Федератсияи Русия.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






