Ҷоизаи «Судяи сол» — ба судяи арзанда

Август 4, 2014 17:13

Душанбе, 04.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳафтаи сипаригардида дар Раёсати Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки Муовини якуми Раиси Шўрои адлия Ҷ. Саидзода ҷаласаи якҷояи Раёсати Шўрои адлия, ҷиҳати омўзиши мўҳтаво ва татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар суханронии хеш, зимни мулоқот бо ҳайати роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ иброз гардиданд, баргузор гардид. Дар кори ҷаласа кормандони Суди вилояти Хатлон, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбии гарнизони Хатлон, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.Нахуст, Ҷ. Саидзода доир ба роҳ мондани ташкили омўзиши маърўзаи Президенти кишвар зимни мулоқот бо роҳбарон ва кормандони прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин андешидани чораҳо бобати дар мӯҳлатҳои бо қонун пешбинигардида баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, бахусус марбут ба ҷиноятҳои аз ҷониби гурўҳи муташаккил содиршуда, экстремистӣ (ифротгароӣ), терроризм, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ноболиғон ва нисбат ба онҳо қабул намудани қарорҳои қонуниву асоснок баромад намуда, диққати ҳозиринро ҷалб намуд.Ҳамзамон, дар ҷаласа маърўзаҳои муовинони раиси Суди вилоят, Раиси суди ноҳияи Бохтар бобати мўҳтавои суханронии Сарвари Давлат шунида шуданд. Инчунин дар ҷамъомади мазкур фаъолияти судҳо бобати баровардани ҳукмҳои сафедкунанда, тағйир додани банду басти парвандаҳо, ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парвандаҳо, дар истеҳсолоти судяҳо (судҳо) қатъ намудани парвандаҳо, ки дар суханронии Сарвари Давлат зикр гардидааст, мавриди муҳокима қарор дода шуда, пешниҳод гардид, ки зимни пешниҳоди номзадҳои арзанда ба ҷоизаи «Судяи сол» дар баробари надоштани бекоршавии санадҳои судӣ ҳолатҳои зикргардида низ ба назар гирифта шаванд.

Август 4, 2014 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд