«Ҷойгоҳи А. Ҷомӣ дар таърихи тамаддуни Шарқ»
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Рӯзҳои 2 ва 3-юми октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми илмии байналмилалӣ ба ифтихори 600-солагии адиб ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи тамаддуни Шарқ» баргузор мегардад.Тибқи иттилои Кумитаи тадорукоти ҷашн ба Симпозиум олимон, донишмандон, ходимони марказҳои илмию таҳқиқотӣ, устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва ҳамаи алоқамандони осори Абдураҳони Ҷомӣ аз тамоми кишварҳои дунё даъват мешаванд.Забонҳои кории симпозиум форси тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ буда, дар он ҳунари шоирии Ҷомӣ, ҷойгоҳи «Баҳористон» дар адабиёти форсии тоҷикӣ, замон, ирфон, мактаби адабӣ ва забону сабки осори Ҷомӣ, тарҷумаи осори Ҷомӣ ба забонҳои дигар, инчунин Ҷомӣ ва пайравони ӯ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






