32 нишони таэквандочиёни кишвар аз Ҷоми ҷаҳон
Душанбе, 11.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Варзишгарони кишвар оид ба таэквандо дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквандо (ITF), ки аз 7-ум то 10-уми август дар шаҳри Душанбе бо иштироки 600 варзишгар аз 52 кишвари олам ҷараён дошт, 32 нишон ба даст оварданд ва мақоми сеюмро ишғол карданд.Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро 43 варзишгар намояндагӣ мекард ва 9 нишони тилло,12 нуқра ва 14 биринҷӣ ба даст оварданд. Нишони тилло аз байни собиқадорон Рустам Зиёев, Фуркат Урунов, варзишгарон Баҳром Гадоев, Фируз Набиев, Суҳробҷон Зарипов, Ширинбону Набиева (ду тилло), Илҳом Одинаев, Маҳина Шодмонова ба даст оварданд.Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон, ки барои 130 нишон байни ҳам рақобат мекарданд, Корея бо гирифтани 28 нишон, 18 тилло, 3 нуқра 7 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб гашт. Расия бо 37 нишон, 13 тилло, 12 нуқра 12 биринҷӣ мақоми дуюм ва Тоҷикистон бо 32 нишон 9 тилло, 12 нуқра, 14 биринҷӣ сазоворӣ ҷой сеюм дониста шуд. Ёдрас мешавем, ки Чемпионати мазкур бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Федератсияи миллии таэквандо ва кикбоксинги Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии таэквандо роҳандозӣ ва гузаронида мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






