344 адад дастгоҳи қолинбофӣ барои мактабҳо
Душанбе, 27.08.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар 612 муассисаи таълимӣ танӯр ва дар 870 муассиса оташдон шинонида шуд.
Тавре ки сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Муҳаббат Бобоҷонова иттилоъ дод, дар 422 муассисаи таълимӣ маҳфилҳои рӯзгордорӣ, дар 187 мактаб маҳфили сӯзанидӯзӣ ва қолинбофӣ ташкил шуда, дар ин давра 344 адад дастгоҳи қолинбофӣ харид гардид.
Ба гуфти М. Бобоҷонова таъсиси маҳфилҳо барои ҳунаромӯзӣ, соҳибкасб шудани духтарон мусоидат мекунад ва тибқи дастури раиси вилоят дар давоми соли хониши 2014-2015 хонандагоне, ки ҳамин маҳфилҳоро пурра меомӯзанд, ба онҳо сертификат дода мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






