504 волидайн ҷавобгар шуданд

Август 19, 2014 14:36

Душанбе, 19.08.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»15-уми июни соли 2011 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, августи ҳамон сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, мавриди амал қарор гирифт. Дар ин робита суҳбате доштем бо судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Исозода Хуршед.
 Ба гуфтаи мавсуф мақсади қонуни мазкур, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Қонуни мазкур аз 6 боб ва 17 модда иборат буда, аз муқаррароти умумӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар, уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд ва муқаррароти хотимавӣ иборат мебошад.
Қабули Қонуни мазкур таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва ҳукуматро нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд нишон дода, барои беҳтар гардонидани  тарбияи фарзанд дар оила василаи муҳим мебошад.
-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои бемасъулиятии волидон чанд парванда баррасӣ шудааст?
-Дар нимсолаи соли 2014 нисбат ба солҳои қабли ин шумор ба маротиб боло рафта, 504 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Барои ба маълумоти омма расонидани моҳияту муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 164 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии зикршуда дар маҷлиси сайёри судӣ дар бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умуми №7-и нохияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки падару модарон, фарзандони онҳо ва омӯзгорон баррасӣ шуда, дар ин хусус дар воситаҳои ахбори омма баромадҳо анҷом дода шуд, ки ин ҳолат бевосита масъулиятнокии судро дар бурдани ташвиқоту тарғибот дар ин самт нишон медиҳад.  Вақтҳои охир дар нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе  вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  зиёд ба назар мерасанд. Чунин ҳолат аз он сабаб ба миён меояд, ки иддае аз падару модарон муқаррароти қонунро нодида мегиранд ё донанд ҳам ба қонун риоя намекунанд, ки нисбат ба чунин ашхос қонунгузор тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ муқаррар кардааст.
-Баҳри пешгирии кирдорҳои зидди ҳуқуқӣ судяҳои суди ноҳия чӣ амалҳоро ба анҷом расондаанд?
-Судяҳои суди нохияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  ба хотири пешгирӣ намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо тибқи нақшаи кории суд, пайваста дар мактабҳо суҳбату маърӯзаҳоро дар ин мавзӯъ мегузаронанд, ки оқибатҳои хуб ба бор оварда истодаанд.
 

Август 19, 2014 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид