85 ҳазор доллар барои дохилшавӣ ба донишгоҳи тиббӣ
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). – Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ сокини ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Раъно Раҷабоваро тибқи айбнома аз рӯи моддаи 247 банди 4 (қаллобӣ) – и Кодекси ҷиноятии ҶТ дастгир намуданд. Назар ба хабари Агентии мазкур, шаҳрванд З.К. дар бораи аз вай гирифтани пора шикоятнома пешниҳод кардааст. Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки Раъно Раҷабова моҳи феврали соли 2012 аз шаҳрванд З.К. барои дохил шудани писари номбурда ба донишгоҳи тиббӣ 85 ҳазори доллари амрикоӣ гирифта, вале ба ваъдааш вафо накардааст. Тафтишот аз рӯи ин қазия идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






