85-умин солгарди нависандаи маъруф Пӯлод Толис
Душанбе, 13.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар бахшида ба 85 -умин солгарди нависандаи маъруфи кишвар Пӯлод Толис конфронс баргузор шуд.Дар конфронси мазкур китоби «Тобистон»-и нависандаи шинохтаи тоҷик ба намоиш гузошта шуд.Ба иттилои Директори китобхона Қурбон Авғонов дар кори конфронс адиби кишвар Муҳаббати Юсуф ва хонанадагони фаъоли китобхона ширкат варзида, доир ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Пӯлод Толис маърӯза намуданд.Ёдрас мешавем, ки Пӯлод Толис 24-уми октябри соли 1929-ум дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ӯ ба факултаи филологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда , онро бо муваффақият хатм менамояд.Фаъолияти кории хешро дар нашриёт ба сифати ҳуруфчин оғоз намуда, баъдан ба ҳ мудири шуъба дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», котиби масъули «Пионер», муҳарири нашриёти давлатии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.Яке аз повестҳои серхонандатарини Пӯлод Толис, қаҳрамомони асосиаш ҷавонону наврасонанд, повести «Тобистон» мебошад, ки бо чандин забон тарҷума шуда, қариб дар 10 давлати дунё нашр шудааст. Ба ғайр аз ин нависандаи барҷаста дар соли 1948 асари дигари хеш «Чароғҳо»-ро таълиф намудааст.Пӯлод Толис моҳи сентябри соли 1961 дар сини 32 -солагӣ вафот кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






