90-солагии Душанберо кай таҷлил менамоянд?
Душанбе, 18.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳафтаи охири моҳи октябри соли равон 90-солагии Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад. Дар иртибот ба ин аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев санаи баргузории тантанаҳои ҷашни 90-солагии пойтахт мушаххас карда шуд. Тибқи он рӯзҳои 25 ва 26 — уми октябр тантанаҳо дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, 28-29-уми октябр Рӯзҳои фарҳанги бародаршаҳри Душанбе — Санкт — Петербурги Русия доир мегарданд.
Инчунин 30 октябр дар Душанбе ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 90-солагии пойтахт ва 31 октябр ҷаласаи умумии Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо гузаронида шуда, 1-уми ноябр меҳмонон ва сокинони пойтахтро дар Боғи Наврӯзгоҳ базми идона ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе интизор аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






