А.Қодирӣ: Эҳёи ҳунарҳои миллӣ- талаби замон
Хуҷанд, 28.08.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовинони раиси вилоят, роҳбарони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои мақомоти вилояти ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ доир гардида, зимни он сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ҷамъбаст ва натиҷабардорӣ гардид.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро баррасӣ намуда, барои ҳалли саривақтии онҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Роҳбари вилоят инчунин рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоятро таҳлил намуда, дар маҷмӯъ аз вазъи иктисодиву иҷтимоии вилоят изҳори қаноатмандӣ кард ва бартараф намудани камбудиҳоро тақозо намуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки иҷрои нақшаи ба истифода додани корхонаҳои нави саноатиро, ки соли ҷорӣ бояд 160 корхонаи хурду калон ба истифода дода шавад, таъмин намоянд.
Ҳамчунин А.Қодирӣ барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии қадимии мардуми тоҷик, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба таври оммавӣ омӯзондани сокинонро аз тамоми гӯшаву канори вилоят муҳим арзёбӣ намуд, зеро тавассути ба роҳ мондани ҳунармандӣ, хосса қолинбофии дастӣ ва адрасу атласи миллӣ меҳнати хонагӣ ривоҷ ёфта, дар шароити кунунӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани мардум имконпазир мегардад. Роҳбари вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки бо ҳамкории мутахассисон аз ҷумҳуриҳои Эрон ва Афғонистон омӯзондани тарз ва усули қолинбофии эронӣ ва афғониро бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ боз ҳам ривоҷ диҳанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ба вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пурраи ҳосили мева, сабзавот ва пахта, шафофияти қабул ва коркарди пахта аз рӯи намудҳои пахта, гузаронидани кишти такрориву тирамоҳӣ, истифодаи тухмиҳои аълосифат ҳангоми кишти такрорӣ, зиёд намудани кишти картошка дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Ғончӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакату маҳсулоти содиротии кишоварзӣ ва истифодаи технологияҳои муосири соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






