А. Қодирӣ сарҳадбонони захминро аёдат кард

Август 27, 2014 09:00

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хонадони Нуъмонҷон Набиев, ки бар асари муноқишаи марзӣ ҳалок гардид, омада, изҳори ҳамдардӣ намуд.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба беморхонаи марказии ноҳия рафта, бо вазъи нафароне, ки дар ин муноқишаи сарҳадӣ аз тири марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷароҳат дидаанд, шинос гардид. Раиси вилоят ба масъулини ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки ин шаҳрвандон бо дорувории зарурӣ таъмин шуда, вазъи саломатии онҳо зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад.Хотиррасон бояд кард, ки тахминан соатҳои 18.20 дақиқаи шоми 25 август аз ҳудуди ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи сарҳадбонон ва аҳолии осоиштаи ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз силоҳ тир кушоданд. Бар асари он 2 шаҳрванди Тоҷикистон Азамат Азимов, сардори гурӯҳи сарҳадбонӣ ва сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯъмонҷон Набиеви 25-сола ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шудаанд.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26 август дар робита ба задухӯрди шоми 25 август дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба ҷониби Қирғизистон ёддошт фиристод.Дар хабари расмии Вазорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Душанбе «бино бар амалҳои ҷониби Қирғизистон дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 25 августи соли 2014, ки он талафоти ҷониро дар пай дошт, эътирози қатъии худро изҳор мекунад. Вайрон карда шудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ва кӯшишҳои ҳалли масъалаҳо тавассути зӯр номақбул арзёбӣ мегардад. Вазорат афзоиши чунин иғвоҳоро дар арафаи гуфтушунидҳои муҳими байниҳукуматӣ, ки ба муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд, бо таассуф таъкид менамояд.»Дар ҷамоати Овчиқалъача алҳол ситод таъсис дода шудааст ва вазъи минтақа зери назорат қарор дорад.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 460 километраш то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

Август 27, 2014 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд