Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳ
Душанбе, 1.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июни соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 4645,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бо нархҳои муқоисавӣ 6 дарсад зиёд ташкил медиҳад. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 2571 млн сомонӣ ё ки 3,7% зиёд ва чорводорӣ 2073 млн сомонӣ ё 4% зиёд шудааст. Тавре ки дар дафтари ҳисоботии нимсолаи Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон омадааст, дар моҳи шаш моҳи аввали соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ беш аз 48 ҳазор тонна ғалладона, 34 ҳазор тонна сабзавот, 128 ҳазор тонна полизӣ, 54 ҳазор тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ғалладона 1,8% сабзавот 23% полизӣ 28% , мева 4% зиёд мебошад. Истеҳсоли картошка беш аз 137 ҳазор тонна ва ангур 678 тонна истеҳсол карда шудааст, ки ба нисбати ҳамин давраи соли гузашта картошка 26%, ангур 49% кам мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






