Афзоиши истеҳсоли маҳсулотҳо дар Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 2.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ афзоиш ёфта пешравиҳо дар ин самт ба назар мерасад. Бино ба иттилои раиси ноҳия Вализода Абдулқодир дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 3220 т орд истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли он 101, 9 %,намак 126,6%, шарбат 111,7%, зиёд гардид. Ба гуфтаи манбаъ ҳиссаи корхонаҳои шахсии саноатӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 59,1 %-ро ташкил дода, айни ҳол дар ноҳия аз тарафи соҳибкорон сохтмони корхонаи коркарди намак дар деҳаи Муҳрвари ҷамоати деҳоти Чубек, корхонаи коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ дар деҳаи Сафар Гадоии ҷамоати деҳоти Панҷруд, 3 адад сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб ва дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот низ сохтмони сехҳои дузандагию қаннодӣ босуръат идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






