Амалиёти умумиҷумҳуриявии ҷавонон баҳри ободонии кишвар
Душанбе, 9.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бахшида ба 20 солагии Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июл то 5-уми ноябри соли равон дар саросари мамлакат Амалиёти умумиҷумҳуриявии ҷавононро оид ба 100 рўзи ободонӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» аз чониби Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ эълон гардидааст.Ҳадафи ин иқдомот тавассути тарбияи меҳнатии ҷавонон мусоидат ба тозаву обод нигоҳдоштани кўчавухиёбонҳо ва гугулгаштҳои кишвар мебошад.Дар амалиёти имрўза, ки дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ташкилоту муассисаҳо ва беш аз 500 нафар ҷавонони фаъоли пойтахт ширкат варзида, кўчаву хиёбонҳоро ба тартиб дароварданд.Чунин иқдомот имрўз дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ суратгирифт.Дар ин бора Ҷалолиддин Нуров сухангӯи дафтари матбуоти Кумита хабар дод








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






