Анҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо дар Душанбе

Август 11, 2014 12:06

Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF байни наврасон ва собиқадорон дар Душанбе бо пирӯзии мунтахаби Кореяи Шимолӣ ба анҷом расид. Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF байни наврасон ва собиқадорон, ки аз 7-ум то 10-уми август дар Душанбе бо ширкати беш аз 600 варзишгар аз 52 кишвар баргузор шуд, мунтахаби Кореяи Шимолӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард. Варзишгарони Корея аз ҳама бештар 18 медали тилло — ба даст оварданд.Мунтахаби Русия бо вуҷуди он ки аз ҳама бештар 40 медал гирифт, бо назардошти шумораи медалҳои тилло дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бо 10 медали тилло, 12 нуқра ва 14 биринҷӣ севум шуд. Нахустин медали тиллоро ба Тоҷикистон Фурқат Урунов дар сабқати собиқадорон овард. Баъдан Маҳина Шодмонова байни духтарони 14-15-сола дар вазни то 40 кг, Фирӯз Набиев дар ин гурӯҳ дар вазни то 63 кг ва Сӯҳроб Зарифовдар вазни то 69 кг ҷойҳои аввалро касб карданд.Дар сабқати наврасони 16-17-сола Баҳромҷон Гадоев дар вазни то 45 кг, Илҳом Одинаев дар вазни то 57 кг байни писарон ғолиб шуданд.Дар ин гурӯҳ миёни духтарон Ширин Набиева дар вазни то 52 кг соҳиби ду медали тилло гардид. Ба ҷуз ин, Рустам Зиёев ва мунтахаби Тоҷикистон (духтарон) дар техникаи махсус ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.Умуман, намояндагони 25 кишвар соҳибони медалҳо шуданд ва аз он ҷумла варзишгарони 13 кишвар барандагони медалҳои тилло гардиданд. Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи пешини қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон ва собиқадорон дар риштаи таэквондо ITF, ки моҳи августи соли 2012 дар шаҳри Таллинни Эстония бо ширкати беш аз 800 варзишгар аз 60 кишвар баргузор шуда буд, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Русия мақоми севумро касб карда буд.

Август 11, 2014 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад