Авҷи дарави ғалла дар хоҷагиҳои кишвар
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Тибқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ имсол дар ҷумҳурӣ дурнамои майдони кишти ғалладонагиҳо 292 ҳазору 334 гектарро ташкил медиҳад, ки то 18.08.2014 майдони зиёда 243,9 ҳазор (83,5%) гектар дарав шудааст. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо зиёда аз 664,3 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 28,4 сентнериро ташкил медиҳад. Майдони 235,2 ҳазор гектар кӯфта шудааст, инчунин дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 130 адад комбайнҳои ғалладарав ба кор ҷалб шудаанд.
Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 140,2 ҳазор гектар кишти ғалладонаро гузарониданд, ки дар айни замон майдони 131 ҳазор гектари он дарав шудааст. Ҳосили умумӣ дар вилоят 409,7 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 34 сентнериро ташкил медиҳад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияи Темурмалик нақшаи ҷамъоварии ғалладонаро пурраю барзиёд иҷро намуданд. Дар ноҳия то имрӯз майдони 11,3 ҳазор гектар ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ шуд, ки баробари 107 фоизи нақша мебошад.
Дар хоҷагиҳои килояти Суғд имсол дар майдони 84,3 ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд, то имрӯз майдони 62 ҳазор гектари он даравида шудааст. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо дар вилоят 107 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 17,2 сентнериро ташкил медиҳад. Дар вилоят кишоварзони ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Айнӣ ва Мастчоҳ иҷрои нақшаи дарави ғаладонаро пурраю барзиёд таъмин намуданд.
Соли ҷорӣ дар ВМКБ дар майдони 6078 гектар кишти ғалладона гузаронида шуд. Дар айни замон майдони 2168 гектари он дарав шудааст, ки баробари 35,7 фоизи нақша мебошад. Ҳосили умумӣ 1291 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 13,5 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 61,6 ҳазор гектар кишти ғалладона гузаронида шуда, майдони 48,6 ҳазор гектари он дарав шудааст, ки баробари 78,8 фоизи нақша мебошад. Ҳосилнокии умумии ҷумъоварии ғалладонагиҳо 124,6 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 27,9 сентнериро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






