«Аъзам-Ю»: ҷараёни корҳо тибқи нақша аст
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Раёсати минтақавии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳбарияти ширкати сохтмонии «Аъзам-Ю» ба раиси шаҳри Хуҷанд дар мавриди сохтмон маълумот дода, изҳор намуданд, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ва ҷадвали пешбинишуда ҷараён доранд.
Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ наздик ба 50 нафар сохтмончӣ ҷалб гардида, қисмати асосӣ-таҳкурсӣ ва ошёнаи якуми бино қомат афрохтааст.
Лозим ба ёдоварист, ки маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 4 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дода, фармоишгар Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд аст. Маблағи он аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд буда, то нимаи аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифодадиҳии он ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи лоиҳа бинои мазкур аз се ошёна, майдон, ҷойи хоб барои низомиён иборат хоҳад буд. Дар бинои мазкур ошхона, ҳуҷраҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ низ бунёд мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






