Баъд аз чангу ғубор ҳарорати ҳаво боз баланд мегардад
Душанбе, 15.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо ворид шудани фишори баланди ҳавои сард аз минтақаи шимоли кишвар ва шиддат ёфтани шамол дар минтақаи ҷануб имрӯз ҳавои ҷумҳуриро чангу ғубор фаро гирифт. Назар ба иттилои Парвина Саидҷамолова-сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар чангу ғубор то ду рӯз -15-16 август дар ҷумҳурӣ боқӣ монда, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар ҷануби кишвар 5-7 ва дар шимоли мамлакат 8-10 дараҷа паст мефарояд. Назар ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб ба амал омадани чангу ғубор дар фазои кишвар, ки ҳамчун боди афғонӣ дар байни мардум маъмул аст, ба нафароне, ки мубталои бемориҳои асаб, қалб ва роҳи нафасанд, таъсири манфӣ мерасонад. Ҳарорати ҳаво имрӯз дар вилояти Хатлон шабона 20-25, рӯзона 31-36, дар вилояти Суғд шабона 18-23, рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон /ВМКБ/шабона 2-7, рӯзона 15-20 ва дар Ғарби ВМКБ шабона 10-15, рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона 15-20, рӯзона 29-34 дараҷа гарм ва дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво рӯзона 32-34 ва шабона 18-20 дараҷа гарм мешавад. Ҳамзамон Парвина Саидҷамолова афзуд, ки шурӯъ аз 18 август ҳарорати ҳаов дар кишвар баланд гардида, дар ҷануби мамлакат ҳарорат рӯзона 39-40 ва дар Душанбе 36-38 дараҷа гарм мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






