Барқияи табрикии Э. Раҳмон ба Президенти Қирғизистон
Душанбе, 31.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:«Муҳтарам Алмазбек Шаршенович,Табрикот ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати фарорасии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.Қирғизистон барои мо ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва мо барои тавсеа ва таҳкими муносибот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои анъанаҳои бойи таърихианд, ҳавасмандем. Умедворам, ки ба мо муяссар мешавад якҷоя шарикии кишварҳоямонро, ки ҷавобгӯи аслии манфиатҳои ду халқи бародар аст, таҳким бахшем.Ба Шумо муҳтарам Алмазбек Шаршенович, саломатӣ ва хушбахтӣ, ба халқи бародари қирғиз – сулҳ ва шукуфоӣ таманно менамоям».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






