Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳаммад Навоз Шариф
Душанбе, 14.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Ҷашни фархундаи миллӣ – Иди истиқлоли кишвар ба ман имкони хуберо фароҳам меоварад, ки табрикоти самимии хеш, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми дӯсти Покистон расонам.Тоҷикистон ва Покистонро пайвандҳои дерини таърихӣ ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ мепайванданд.Солҳои охир самти покистонии сиёсати хориҷии мо фаъолтар гардида, ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар тадриҷан инкишоф ёфта истодаанд, ки боиси қаноатмандии мост.Тоҷикистон нисбат ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳояш дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ хеле хушбин аст. Итминон дорем, ки бо саъю эҳтимоми ду ҷониб дар ояндаи наздик муносибатҳои дуҷонибаи мо шомили марҳалаи нави рушду тавсеа мегарданд. Кишвари мо барои расидан ба ин ҳадаф ҳама саъю кӯшишҳои лозимаро ба харҷ хоҳад дод.Дар ин рӯзи саид ба Шумо Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу комёбӣ, ба кишвари дӯсти Покистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми бародари он саодату амонӣ орзумандам».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






