Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ширкати ТВЕА
Душанбе, 1.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дирўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо роҳбари кулли Ширкати ТВЕА (Tebian Electric Apparatus )-и Ҷумҳурии мардумии Чин Чжан Син мулоқот кард.Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ табодули афкор карданд.Сарвазири мамлакат дар маҷмўъ аз фаъолияти самарабахши ширкати мазкур дар қаламрави Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, аз роҳбарияти ширкат даъват ба амал овард, ки барои таъмини кори мунтазами маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар давраи тирамоҳу зимистон бо иқтидори 100 мегаватт ва омода намудани лоиҳаи оғози сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ иборат аз ду агрегат бо иқтидори 150 мегаваттӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.Дар мулоқот ҳамзамон масоили вобаста ба таҳкими ҳамкориҳо дар бунёди зеристгоҳу хатҳои интиқоли барқ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои фаъолият дар иншооти соҳаи энергетика ва роҳу нақлиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






