Баррасии нақши гурӯҳҳои тафтишотӣ дар амалиёт
Душанбе, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 11 то 15 августи соли 2014 дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи “Мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи интиқоли назоратшаванда ва фаъолияти гурӯҳҳои тафтишотии муштарак” баргузор гашта истодааст, ки аз тарафи раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар якҷоягӣ бо Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо (САҲА) дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии раёсати СММ дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ташкил карда шуд.Дар кори семинар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, созмонҳои байналмиллалӣ ва Маркази Осиёимиёнагии минтақавии ҳамоҳангсозии иттиллотӣ ширкат доранд. Масъалаҳои дастгирии ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва берун аз он, пешниҳод намудани иттилоот оид ба арзёбии хатар, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва фаврии интиқоли назоратшаванда, нақши гуруҳҳои тафтишотӣ дар амалиёт, коркард ва ворид намудани тағйирот ба қонунҳо, ки барои ташкил ва гузаронидани амалиёт заруранд, дар семинар баррасӣ мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






