Беқурбшавии пул дар давоми 7 моҳ
Душанбе, 28.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Беқурбшавии пул дар моҳи июл 0,2% -ро ташкил дода, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба 4,7 % баробар гардид, ки нисбат ба давраи қиёсии соли гузашта 3,1% зиёд аст.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон ин нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ дар 12 моҳи охир ба 6,1 баробар шуд.