БМТ: Сабабҳои аз кор рафтани мутахассисон зиёданд

Август 20, 2014 10:10

 
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар маҷмӯъ дар 7 моҳи соли равон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 106 нафар корманд бо сабабҳои гуногун аз кор рафтаанд. 
Ба гуфтаи хадамоти матбуоти БМТ  сабабҳои аз кор рафтани мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон зиёданд. Аксарияти кормандон мутобиқи моддаи 45 Кодекси меҳнати ҶТ, бо хоҳиши худ аз кор рафтаанд. Қисме аз кормандон дар чорчӯбаи талаботи қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди хешутаборчигӣ, ошнобозӣ, маҳалчигӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз кор рафтаанд. Як зумраи дигари кормандон бинобар амалӣ намудани тартиби ҷойивазкунии кормандон дар низоми бонкӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон аз кор озод ва ба вазифаҳои дигари масъул таъйин гардиданд.  Ҳамчунин шумораи муайяни мутахассисон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз кор рафтанд. 
 Илова бар ин мутахассисони соҳибтаҷрибаи бонк дар бисёр мавридҳо барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул ба низоми бонкии кишвар, яъне ба дигар ташкилотҳои қарзӣ сафарбар мешаванд. Барои мисол, баъзе мутахассисоне, ки сатҳи баланди дониш доранду дар вазифаи худ ба комёбиҳо ноил гардидаанд, аз ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ барои идомаи кор ба «Сарбонк» даъват мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамчунин мутахассисҳои баландихтисоси «Сарбонк» барои дастгирии бонкҳои маҳаллӣ ва табодули таҷриба ба шуъбаҳои бонкҳо сафарбар мешаванд, ки ин таҷриба натиҷаҳои хуб дода истодааст. 
Ба ғайр аз ин, барои тарки вазифа ё ҷойи кор намудан метавонад сабабҳои дигар низ, аз қабили иваз намудани маҳали зист, тағйири вазифа ва ё касб, таъйин шудан ба вазифаҳои баландтар дар соҳаҳои дигари иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ғайра вуҷуд дошта бошанд. 
 Зикр кардан бамаврид аст, ки раванди ҷойивазкунии кормандон на танҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, балки дар низоми бонкии кишвар , аз ҷумла дар БДА “Амонатбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” шуруъ шуда, дар айни замон давом дорад. 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Август 20, 2014 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд