Боздиди кории М.Ҷабборӣ аз ноҳияи Ёвон
Душанбе, 13,08,2014 (АМИТ «Ховар»).- Санаи 13 августи соли ҷорӣ боздиди кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон анҷом дода шуд.Зимни сафар муовини Сарвазири мамлакат аз муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоии ноҳия дидан карда, бо кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, варзишгарон, занон ва ҷавонон мулоқотҳо доир намуд, ки дар онҳо, аз ҷумла оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, омодагии пурра ба мавсими нави соли хониш, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтарсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ, инчунин рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ҷомеа ва паст кардани тамоюли зуҳуроти номатлуб, таъкидҳо ва супоришҳои мушаххас баён гардиданд.Ҳамзамон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари кории худ дар хоҷагии деҳқонии “Руқия”-и ҷамоати деҳоти Гулсара Юсупова бо фаъолзанон дар масъалаҳои мубрами рӯз сӯҳбати озод доир намуд.Сафари кории Марҳабо Ҷабборӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






