Боздиди Сарвари давлат аз боғи интенсивии деҳаи Ҷавонони ноҳияи Ҳисор

Август 15, 2014 17:37

Душанбе, 15.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Чунонки иттилоъ доданд, боғи интенсивии навъҳои дар бозори ҷаҳонӣ маъруфи себ, аз ҷониби ҶДММ Ситабр агро бо технология ва усулҳои италявию испанӣ дар майдони 10 га бунёд ёфтааст.Афзалияти аз ҳама муҳими ин боғ аз боғҳои бобоӣ дар он аст, ки ниҳолҳои он дар соли якуми сабзиш аллакай қисман ба ҳосил омада, дар соли чорум пурра ҳосилдеҳ мешавад. Барои пурра ба ҳосил омадани боғҳои бобоии себ қариб 10 сол лозим аст. Ғайр аз ин ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ 3-4 баробар аз боғҳои бобоӣ зиёд аст.Масофаи миёни ниҳолҳо дар қатор аз 90 см то 120 см ва масофаи миёни қаторҳои боғ 3,8 м буда, дар як га 2960 ниҳол шинонда мешавад.Аз як гектари чунин боғ дар соли дуюм то 25 тонна, соли сеюм то 50 тонна ва аз соли чорум, ки вақти пурра расидани ниҳолҳо аст, то 80 тонна ҳосили себи хушсифату бозоргир рӯёндан мумкин аст. Аксари кулли меваи ин боғ ба хориҷи кишвар содир карда хоҳад шуд, зеро сифати хеле баланди стандарти ҷаҳонӣ дорад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои дуруст ба роҳ мондани ин кор ҳамчунин барои 3 ҳазор тонна сардхона ва ё яхдони нигоҳдории мева бунёд намоянд ва таъкид дошт, ки ин кор ҳамчунин дастовези хубе хоҳад буд ба истиқболи 3000-солагии Ҳисор.Нигоҳубини чунин боғҳо, албатта бо технологияи навтарини ба роҳ монда шуда, ҷараёни обу ғизодиҳӣ ва ҳимояи ниҳолҳои аз ҳашароту бемориҳо тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ назорат карда мешавад. Ниҳолҳо бо усули қатрагӣ об дода мешаванд.Дар як гӯшаи ин боғ барои омӯзиши мутахассисон маркази таълимӣ бунёд ёфтааст, ки дар заминаи он Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба донишҷӯёни худ дасрҳои амалӣ ба роҳ мемонад.Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ азм доранд, ки тирамоҳи соли равон дар 10 гектар замини дигар чунин боғ бунёд намуда, майдони умумии онро ба 20 га расонанд.Дар хоҷагии деҳқонии Амониёни ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аҳли заҳмати он бевосита шинос шуд.Чунонки иттилоъ доданд, деҳқонони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ аз ҳар гектари картошкаи барвақтӣ то 28 тоннагӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он кишти такрории сабзавотро ба роҳ мондаанд.Аз ҳар га замини ҷуворимаккаи дон, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва риояи агротехнологияи муосир кошта шудааст, то 180 сентнерӣ ҳосил гирифтанианд.

Август 15, 2014 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд