Боздошти нашъаҷаллобон дар Суғд
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ иборат аз ҳашт нафарро безарар гардониданд. Ҳангоми сафар ба Федератсияи Русия дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд бо гумони даст доштан дар интиқоли маводи нашъаовар сокини 38-солаи ноҳияи Истаравшан боздошт гардид. Дар беморхонаи вилоятӣ аз дохили бадани боздоштшуда 100 дона ғилофак бо героин бо вазни умумиии 470 грамм ошкор гардид.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ аз тарафи кормандони фаврии агентӣ боз ҳафт нафар узви гурӯҳ-4 нафар сокини вилояти Суғд, 2 нафар сокини шаҳри Душанбе ва як сокини вилояти Хатлон боздошт гардид. Дар хонаи яке аз боздоштшудагон ба таври иловагӣ боз 705 грамм героин ва дар манзили аъзои дигари гурӯҳ 3 кг 476 грамм ошкор гардид, ки барои интиқол додан дар дохили бадан ба Русия омода шуда буданд.
Вазни умумиии героини мусодирашуда қариб 5 килограммро ташкил медиҳад.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки саркардаи гурӯҳ сокини 33- солаи вилояти Суғд буда, гурӯҳи ҷиноятпешаро барои интиқоли героин ба Федератсияи Русия ташкил кардааст. Ҳар як аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар он нақши муайянеро, аз қабили назоратчӣ, ҷалбкунанда, инттиқолдиҳанда, таъминотчӣ мебозид.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Кормандони агентӣ бо ҳамкорони худ аз Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар корҳои фавриро барои ҳуҷҷатгузорӣ ва муайян намудани аъзои дигари гурӯҳ, ки бояд маводи нашъаоварро дар ҳудуди Русия қабул ва паҳн менамуданд, давом дода истодаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






