Бозгашти Олимҷон бо нишони тилло аз Булғористон
Душанбе, 05.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Донишҷӯи бахши сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Олимҷони Пираҳмад дар олимпиадаи умумиҷаҳонии донишҷӯён аз фанни математика сазовори медали тилло гардид. Дар олимпиадаи мазкур, ки аз 29 июл то 4 август дар кишвари Булғористон баргузор гардид, донишҷӯёни 193 донишгоҳҳои беҳтарини чаҳон аз 51 кишвар иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи умумиҷаҳонии донишҷӯён танҳо Олимҷони Пираҳмад муаррифи кардааст.Дар олимпиадаи мазкур аксарияти иштирокчиён чемпионҳо ва ҷоизадорони олимпиадаҳои ҷаҳонии солҳои охири миёни мактаббачагон иштирок дошта, барои ҷойҳои ифтихории олимпиада миёни ҳам рақобат намуданд. Ба Олимҷон низ муяссар шуд, ки аз ин олимпиада дар баробари медалгирандагони дигар кишварҳо як нишон ба Ватан орад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






