Бозгашти варзишгарони кишвар аз Чин
Душанбе, 28.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин охирин варзишгари тоҷик Фирӯз Ёқубов дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 100 кг мақоми чорумро касб кард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, ин сеюмин варзишгари тоҷик аст, ки дар Олимпиадаи Нанҷинг дар мақоми чорум қарор гирифтааст. Рӯзи 25-уми августи соли равон низ ду паҳлавони тоҷик Равзатуллоҳ Исоев дар сабқати гӯштини юнониву румӣ дар вазни то 42 кг ва Тоҳирҷон Охонов дар вазни то 85 кг ҷойҳои чорумро ишғол карданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин 8 варзишгар дар 7 намуд — гӯштини озод, гӯштини юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ муаррифӣ мекунанд.
Дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин, ки то 31-уми августи соли равон идома мекунад, варзишгарони кишвар натавонистанд, ки медал ба даст оранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






