Бунёди 85 иншооти варзишӣ дар Суғд
Душанбе, 20.08.014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Раванди бунёди иншооти гуногуни варзишӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд вусъат ёфта, дар ин давра 85 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 66 адад майдонча, 14 толор, 1 иншооти муҷтамеъ ва боз чанд толор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар ин бора аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар шаҳру навоҳии Исфара, Хуҷанд, Қайроққум, Истаравшан, Ашт бунёди майдону толорҳои варзишӣ бо маром ҷараён дорад.
Ёдрас мешавем, ки дар нимсолаи аввали соли 2014 варзишгарони вилоят дар мусобиқоти гуногун 1676 медал — 505 тилло, 459 нуқра ва 712 биринҷӣ ба даст оварданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






