Бунёди манораи 36-метра дар Душанбе
Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Моҳи октябри соли равон мутахассисони фаронсавӣ ба бунёди манораи баландиаш 36-метра оғоз хоҳанд кард»-, иброз намуд директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов зимни нишасти матбуотӣ. Ин манора аз ҷониби Вазорати мудофиаи Фаронса маблағгузорӣ мешавад. Дар он лифт насб шуда, манора барои беҳтар идора кардани ҳавопаймоҳо мусоидат хоҳад кард. Баландии манораи кунунии вокзал 16 метр аст. Анвар Мақсудов илова намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 190 ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ хизмат пешниҳод намуд. Таҳлилҳо нишон дод, ки ширкатҳои авиатсионӣ барои иҷрои парвозҳо ба аэродромҳои кишварамон аз 130 навъ киштиҳои ҳавопаймоӣ истифода мебаранд.Тибқи иттилои директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромади умумии муассиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18% зиёд гашт. Муассиса дар ин давра ба буҷаи давлат зиёда аз 8 миллион сомонӣ пардохт намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






