Бунёди зиёда аз 105 000 метр манзил дар 7 моҳ
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар 7 моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети пойтахт ва маблағҳои соҳибкорон дар Душанбе 105 ҳазору 400 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, 27 ҳазору 800 метри мураббаъ нуқтаи савдо, 11 ҳазору 600 метри мураббаъ майдони варзишӣ, 7,72 километр роҳ ва корхонаи истеҳсоли хишт бо иқтидори истеҳсолии солонаи 5 миллион дона хишт ба истифода дода шуд, — иттилоъ додааст сомонаи расмии дастгоҳи раиси шаҳр. Дар ин давра беш аз 3000 кас ба корҳои муваққатӣ фаро гирифта шуд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани иншоот наздики 1,5 ҳазор кас кори доимӣ пайдо намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






